Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба асорати қарзӣ гирифтор намудани ҷавонзани 23-сола

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 44-солаи сокини шаҳри Душанбе аввалҳои моҳи сентябри соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии ҷавонзани 23-солаи сокини ноҳияи Фархор даромада, бо ваъдаи таъмин намудан ба ҷойи кори сердаромад аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб даъват карда, ба асорати қарзӣ гирифтор намуда, то моҳи марти соли 2024 таҳти истисмори шаҳвонӣ қарор дода, ҳамарӯза бо мардони миллаташон гуногун барои анҷом додани алоқаи ҷинсӣ фурӯхта, аз ин ҳисоб фоида ба даст оварда, барои эҳтиёҷоти шахсияш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо иловаи 1 қисми 2 моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

10.02.2025 10:10
20