Боздошти зани 33-сола барои қаллобӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 33-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки соли 2022 бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 24-уми октябри соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, аз ӯ 950 ҳазор рубли русӣ ва 20 ҳазор доллари амрикоиро бо баҳонаи ба тиҷорат машғул шудан гирифта, то ҳол барнагардонида ба эҳтиёҷоташ сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.