Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ҷавони 19-сола бо ҷурми ғоратгарӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Восеъ муроҷиат намудааст, ки 3-юми феврали соли 2025, тахминан соати 00:10-дақиқа, дар кӯчаи Р.Набиеви шаҳри Душанбе шахси номаълум бо тариқи зӯроварӣ ва ошкоро аз ҷайбаш 220-сомонӣ ва 1-адад соати дастӣ, ки арзишаш 300-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 520-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

08.02.2025 11:38
21