Халокати якчанд нафар дар садамаҳои нақлиётӣ
5-уми феврали соли 2025, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра», Муҳамедшоева Баҳринисо Толибовна, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Ҳуснободи ноҳияи Сино, дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №13, пиёдагарди хурдсол, Давлатмамадзода Зуҳал, соли таваллудаш 2022, сокини пойтахтро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Давлатмамадзода З. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст. Сипас аз ҷониби худи ронанда хурдсол Давлатмамадзода З. ба беморхона дастрас гардида, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
5-уми феврали соли 2025, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай”, Назаров Қаландар Алиқулович, соли таваллудаш 1962, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат бо роҳи моршингарди кӯчаи А.Ҷомӣ аз самти кӯчаи Н.Қарабоев ба самти кӯчаи Борбад, дар рӯ ба рӯи бинои “Колеҷи информатика ва технология” пиёдагарди шахсияташ номаълум, марди тақрибан 29-30-соларо, ки аз тарафи рост ба тарафи чап мегузашт, пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди шахсияташ номаълум бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.