Ошкор шудани қаллобии марди 40-сола
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи июни соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии марди 31-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, худро ҳамчун корманди милитсия муаррифӣ намуда, бо баҳонаи аз ҳабс озод намудани бародараш аз ӯ 9 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.