Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани дуздии гӯшвор ва маблағ

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён аризаи зани 39-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 9-уми сентябри соли 2024 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозааш шуда, аз онҷо як ҷуфт гӯшвори тиллоӣ ва 5 ҳазор сомониро дуздида аз ҷой ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 11 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.  
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

07.02.2025 9:00
12