Дастгир гардидани ду ноболиғ барои содир намудани авбошӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғони 15 ва 17-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон 5-уми феврали соли 2025 ҳангоми дар кӯчаи Назаршоеви шаҳри Душанбе қарор доштанашон, ноболиғи 17-солаи сокини пойтахтро лату кӯб намуда, ноболиғи 15-сола бо корд ду маротиба ба рони пойи рости ҷабрдида зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.