Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии судманд бо ҷавонони фаъоли минтақаи Рашт  

6-уми феврали соли 2025 дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт вохӯрии сардори раёсати мазкур генерал-майори милитсия Фатозода Абдусатор Абдуқаҳор бо  ҷавонони фаъоли ноҳияҳои минтақаи Рашт баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҳамчунин сардорони шуъба ва нозирони гуруҳҳои огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон, намояндагони шуъбаҳои ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, шуъбаи маориф, коллеҷҳои касбӣ, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт  ва масъулони соҳа баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот оид ба заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сулҳу субот, тинҷиву осоиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ, некӯаҳволӣ, ободию созандагӣ ва шароиту имкониятҳои фароҳамгардида барои сокинони Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд. Зимни баромад доир ба пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ, тақлид ба фарҳанги бегона, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масоили мубрам андешаронӣ карда шуд.
Ҳамзамон дар идомаи суҳбат аз ҷониби сардори раёсати мазкур мушкилиҳои дар соҳа ҷойдошта мавриди таҳлил қарор гирифта, баҳри ислоҳи онҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд. Ҳамкорӣ бо ҷавонон, махсусан донишу заковати онҳоро равона намудан ба самти созандагиву бунёдкорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо аз ҷиҳати моддиву маънавӣ, баҳри рушду пешрафти Тоҷикистони азиз мусоидат менамояд. Аз ҳамин лиҳоз баҳри ҷоннок гардидани фаъолияти ҷавонон ҳама якҷоя кушиш намуда, ба ҷавонони фаъолу ватандӯст, тамоми имконияту шароитҳо дар партави сиёсати давлатии ҷавонпарваронаи Роҳбарияти Олии кишвар фароҳам оварда мешавад.
Дар қисмати дигари мулоқот як гурӯҳ ҷавонони фаъол ва дигар иштирокчиён бо ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ баромад намуда, миннатдории худро ба Вазири корҳои дохилӣ ва роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт ҷиҳати дастгирӣ аз сиёсати ҷавонпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат расониданд. 
Зимни мулоқот байни ҷавонони фаъол барои иштирок дар озмунҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ва иштироки фаъолона дар озмуни «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ тавсияҳо дода шуда, ба як қатор иштирокчиёни фаъол тӯҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаю Сипосномаҳо тақдим карда шуд.
 

07.02.2025 14:20
65