Вохӯрии милитсияи сайёр бо шаҳрвандон дар деҳаи Қалъаи нави шаҳри Роғун
1-уми феврали соли 2025, тибқи иҷрои «Нақшаи - чорабиниҳо оид ба сафарбар намудани ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати таъмини дастрасии хизматрасонии милитсия ба аҳолӣ вобаста ба ташкил намудани Нуқтаи сайёри милитсия оид ба қабули муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли 2025», ҳайати гурӯҳи кории Нуқтаи сайёри мазкур бо 135 нафар сокинони деҳаи Қалъаи нави ҷамоати деҳоти Қадиоби шаҳри Роғун дар толори бинои ҷамъиятии деҳоти мазкур вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ моҳият ва ҳадафи асосии хизматрасонии Нуқтаи сайёри милитсия, телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (221-21-21) ва нозири минтақавии милитсия ба саҳми иштироккунандагон расонида шуд.
Инчунин, аз ҷониби гурӯҳи корӣ оид ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» ва масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ, инчунин ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ бо иштирокчиёни чорабинӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни сӯҳбат ширкаткунандагони ҷаласаи сайёр вобаста ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ аз тарафи кормандони милитсия изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳавасмандии худро баён намуданд.