Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду ҳодисаи нақлиётӣ дар як рӯз

5-уми феврали соли 2025, тахминан соати 08:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Хоҷаев Ёқубҷон Абдурасулович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти А.Ҳасанови ноҳияи мазкур автомашинаашро бо суръати баланд идора карда, аз уҳдаи идораи он набаромада, ба бетони канори ҷӯйбори обгузар бархӯрда, ба дохили ҷӯйбор чаппа шуда, ҷароҳатҳои  вазнини  ҷисмонӣ  бардошта, ба ҳалокат расидааст.
5-уми феврали соли 2025, тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи  автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан”, Сафаров Муҳаммадҷон Бурҳонович, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Дарвоз, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ ба теппаи кӯҳ бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, худи ронанда ҷароҳатҳои вазини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.  
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

06.02.2025 10:26
27