Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани қаллобӣ ба маблағи зиёда аз 1 миллион сомонӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 12-уми майи соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии сардори ҶДММ «Орзу-Сохтмон», марди 58-солаи сокини шаҳри Ҳисор даромада, аз ӯ барои сохтани бинои баландошёнаи истиқоматӣ 1 миллиону 705 ҳазор сомонӣ гирифта, дар бозори «Манучеҳр», воқеъ дар маҳаллаи 1-уми шаҳри Турсунзода масоҳати 0,25 гектарро харидорӣ намудааст.
Ҳангоми дар майдонча ба сохтмони баландошёнаи истиқоматӣ шурӯъ намудан муайян карда шуд, ки мағозаи №1-и бозорча ба “Шаҳноза” ном шахс тааллуқ доштааст. 
Дар натиҷа гумонбаршаванда ба ҷабрдида ба маблағи 350 ҳазор сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳури Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

06.02.2025 10:24
19