Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳолати дуздӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 29-уми январи соли 2025, тахминан соати 23:00, аз объекти сохтмонӣ, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, ки ба марди 36-солаи сокини ҳамин ноҳия тааллуқ дорад, пинҳонӣ 20-адад дамкратҳои сохтмонӣ, ба арзиши 10 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

06.02.2025 10:22
16