Дастгир гардидани ҷавони 20-сола бо ҷурми таъмаҷӯӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Деваштич бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷуӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз 13-уми ноябр то 28-уми декабри соли 2024 бо роҳи иръоб (шантаж) ҷавонзани 19-солаи сокини ноҳияи мазкур, маъюби гурӯҳи 2-юмро бо баҳонаи ба дигарон паҳн намудани аксҳои охирон ва ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда таҳдид намуда, маблағи пулӣ талаб карда, ваъда медиҳад, ки пас аз гирифтани маблағи пулӣ аксҳои ҷабрдидаро несту нобуд мекунад.
Минбаъд ҷабрдида ба гумонбаршаванда бовар карда, аз рӯи талаби номбурда, тариқи барномаи «Душанбе Сити» ба рақами телефони мобилии гумонбаршаванда маблағи 1 ҳазору 800 сомонӣ интиқол медиҳад, ки гумонбаршаванда маблағи бадастовардаашро ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.