Рух додани якчанд ҳодисаи нақлиётии марговар
4-уми феврали соли 2025, тахминан соати 18:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Орзуев Ҳасан Ҷурабекович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат дар километри 14-уми роҳи мошингарди “Бохтар-Душанбе”, воқеъ дар худуди ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Манипулятор”, таҳти идораи Бутаев Муҳаммадӣ Исроилович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Кӯшониён бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-бенс” Орзуев Ҳ.Ҷ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири автомашинаи мазкур Салимов Салим Маҳмадқаюмович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Ёвон ва Қулатов Шуҳрат Бекназарович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
4-уми феврали соли 2025, тахминан соати 06:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулан”, Рузиқулов Абдулмаҷид Султонович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Кӯшониён ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Гулистони ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба симчӯби оҳанин бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур Тошпулотова Латофат Юсуфовна, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Кӯшониён дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
4-уми феврали соли 2025, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Королла”, таҳти идораи Алиев Фирдавс Толибмуродович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Ёвон ҳангоми ҳаракт аз самти ноҳияи Рӯдакӣ ба самти ноҳияи А.Ҷомӣ, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Зокирзода Расул Бекмурод, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ёвон бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Қирғизов Ғулом Чутович, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.