Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Содир гардидани амали қасдона, ки боиси марг гардидааст

Зимни баргузор анмудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 44-солаи сокини шаҳри Хучанд, ки соли 2024 бо қисми 2 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 8-уми октябри соли 2024, тахминан соати 07:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш духтарбачаи 2-сола, ки фарзанди ҷавонзани 25-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки соли 2024 бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, нигоҳубин карда дидаву дониста, ки кӯдаки хурдсол ба бемории ташхиси илтихоби авитаминози карияи хурди чашмон гирифтор мебошад ва таҳти муолиҷаи тиббӣ қарор дорад, нисбати кӯдак муносибати бераҳмона намуда, охиронро бо дастонаш ба болои рахти хоби ҳуҷраи хобаш ҳавола медиҳад, ки дар натиҷа  хурдсол ба шикам афтида, роҳи нафасаш қатъ гардида ба ҳалокат мерасад. 
Сипас гумонбаршаванда ҷинояти содиркардаашро пинҳон карда, ба мусоидати шахсони ба тафтишоти пешакӣ номаълум, гӯё кӯдаки хурдсол бо марги табиӣ вафот кардааст, дар оромгоҳ ба хок супоридааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

05.02.2025 9:02
50