Вохӯрии тарбиявӣ бо ҷавонони фаъол
Рӯзи 31 январ дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2024, ҷиҳати таълиму тарбияи насли наврас ва роҳ надодан ба қонуншиканӣ аз ҷониби онҳо мулоқоти озоду ошкорои роҳбарияти Шуъбаи 2 ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров бо ҷавонони фаъоли минтақаи маъмурӣ дар маҷлисгоҳи Мактаб барои хонандагони болаёқат воқеъ дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳия баргузор гашт. Дар чорабинии мазкур ҷавонони фаъоли гуруҳи «Авангард» ва хонандагони фаъоли синфҳои болоӣ аз муассисаҳои таълимии ҷамоатҳои деҳоти Хистеварз, Овчӣ-қалъача ва Зарзамин, ки ба минтақаи хизматии шуъбаи 2 ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров вобаста мебошанд иштирок доштанд.
Муовини сардори шуъбаи милитсия Темур Қосимзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД ноҳия Баҳриддин Баҳодурзода ва роҳбари ҷавонони гуруҳи «Авангард» Хуршеда Худойдодова ба иштирокчиён суҳбати озод намуда ба раванди таҳсил ва дигар паҳлуҳои ҳаёти наврасону ҷавонон таваҷҷуҳ карданд.
Пеш аз ҳама мазмуну муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳ дода шуда, вобаста ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, фароҳамсозии шароити созгору мувофиқ барои таълим ва ҳамаҷониба рушд кардани насли оянда ба ҳозирин маълумот дода шуд.
Ба қонуншиканӣ даст задани ҷавононро номатлуб арзёбӣ карда баромадкунандагон бурдани корҳои тарғиботӣ дар самти интихоби роҳи дурусти зиндагӣ, беҳудаву зоеъ нагузаронидани вақт, баланд бардоштани савияи донишу ҷаҳонбинӣ байни ҳамсолонро тавсия доданд. Ҳидоят ба амалҳои шоиставу муфид, муқовимати оштинопазир ба унсурҳои ҷиноятӣ, тарғиби дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар замири ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстиву масъулиятшиносӣ фарогири мавзуъҳое буд, ки дар раванди вохӯрӣ намояндаи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар маърӯзачиён атрофии он бо ҷавонои фаъол суҳбати тарбиявӣ ва датсурӣ намуданд.
Ҷавонон расидан ба қадри осоиштагӣ, саҳм гузоштан дар пешрафту тараққиётӣ Тоҷикистонро барои худ ва ҳамсолон муқаддас шумориданд.
Дар хотима якчанд нафар ҷавонони фаъол ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ барои саҳм гузоштан дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бо «Сипоснома» ва туҳфаҳои сардори Шуъбаи 2 ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров қадршиносӣ карда шуданд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия