Таваҷҷуҳи милитсия дар самти ҳифзи наврасон аз амалҳои ношоиста
Бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти якҷоя ҷиҳати саҳм гузоштан дар таълиму тарбияи наврасон, фароҳам овардани шароити мусоид барои донишандӯзӣ ва рушди қобилияти зеҳнии онҳо, пешгирӣ аз даст задани наврасон ба амалҳои номатлуб ва ҳидоят ба пешбурди тарзи ҳаёти солим роҳбарияти Шуъбаи 2 ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров бо маорифчиёни ноҳия вохӯрӣ баргузор намуд. Вохӯрии мазкур дар партави Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлисгоҳи Муассисаи таълимии давлатии махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқат воқеъ дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров доир гашт.
Чорабинии мазкур бо иштироки муовини раиси ноҳия Акбар Юсуфӣ, сардори Шуъбаи 2 ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров полковники милитсия Зубайрзода Ҷамшед Абдулло ва мудири маорифи ноҳия Абдуллозода Махсуда Абдулло ҷараён гирифта дар мулоқоти мазкур дар баробари директорону муовинон оид ба тарбияи мактабҳо, ҳамзамон намояндагони кумитаи падару модарони муассисаҳои таълимӣ низ ҳузур доштанд.
Акбар Юсуфӣ муовини раиси ноҳияи Б.Ғафуров ташаббуси мақомоти корҳои дохилиро ба маврид хонда аз иштирокчиёни ҷамъомад даъват ба амал овард, ки якҷо бо мақомоти милитсия дар тарбияи наврасон, ҳимояи ҳуқуқи онҳо ва мубориза бар зиди падидаҳои номатлуби дар байни наврасон паҳншаванда корбарӣ намоянд.
Сипас аҳли нишаст аз маърӯзаи муовини сардори Шуъбаи 2 ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров капитани милитсия Темур Қосимзода оид ба нуқтаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28.12.2024 сол, ки дурнамои низоми давлатдорӣ, аз ҷумла соҳаи маориф дар он дарҷ гардидааст маълумот гирифтанд.
Ҳамчунин вазъи криминогении минтақа бо мисолҳои воқеъӣ вобаста ба ҳаёту фаъолияти ноболиғон, ҷинояту ҳуқуквайронкунии бо иштироки онҳо содир шуда дар маърӯза таъкид рафта, аз ҷониби сардори шуъба полковники милитсия Ҷамшед Зубайрзода мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Таъмин накардани муҳити солим барои насли наврас ва таъсири манфии интихоби роҳи нодурусти зиндагӣ аз ҷониби ноболиғон метавонад дар камолоти маънавию ахлоқии онҳо таъсир гузошта оқибати нохубро ба бор орад. Муқовимат бо тафаккури носолим, ҳифз кардани хонандагон аз идеологияи хатарафзо, назорати пайваста, ҳамкории мактаб, оила ва мақомотҳои дар таълими наврасон манфиатдор метавонад фазои мусоиди таълиму тарбияро фароҳам ва насли ояндасозро воқеан бо хислатҳои ҳамида ва рӯҳияи солим ба воя расонанд. Зеро маҳз дар мактаб андеша солим ташаккул ёфта, маърифати инсонӣ устувор мегардад.
Мудири маориф Махсуда Абдуллозода низ нақши калидӣ доштани мактаб дар тарбияро таъкид дошта мунтазам амалӣ намудани машғулиятҳои тарбиявӣ бо иштироки кормандони мақомоти милитсия дар мактабҳоро муфид арзёбӣ намуд.
Дар хотима иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳамкорӣ мушкилоти ҷойдоштаро бартараф ва насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия менамоянд. Дар ин раванд ба нақша гирифта шуд, ки кормандони милитсия ба 23 МТМУ дар минтақаи маъмурии шуъбаи 2 ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров ҷойгир буда сафарбар шуда, мунтазам чорабиниҳои тарбиявӣ гузаронанд.
Таъмин гардидани талаботҳои дар вохӯрӣ матраҳ гардида имконият медиҳад, ки ҷомеаро насли солиму бомаърифат, ватандӯсту масъулиятшинос ва ташаббускор идора намояд.
АКбар Шарифӣ, подполковники милитсия.