Боздошт гардидани марди 60-сола бо ҷурми ташкили фоҳишахона
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 60-солаи сокини шаҳри Хуҷанд 21-уми январи соли 2025, тахминан соати 19:00 дар мавзеи «Мавҷи Дарё»-и шаҳри Гулистон миёни марди 29-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон ва зани 35-солаи сокини шаҳри Гулистон, инчунин 25-уми январи соли 2025 ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон ва зани 37-солаи сокини шаҳри Гулистон барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, ҳамчун мукофотпулӣ 200 сомонӣ гирифтааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.