Ошкор гардидани ду ҳолати азонихудкунӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз 26-уми августи соли 2023 тибқи шартнома дар ширкати ҶДММ “Грин-Фудс” кору фаъолият намуда, аз 26-уми августи соли 2023 то 26-уми августи соли 2024 якчанд намуд маҳсулотҳои қаннодӣ дар ҳаҷми 10 миллиону 125 ҳазору 930 сомониро қабул карда, ба хазинаи ширкати ҶДММ “Грин-Фудс” маблағи 89 ҳазору 818 сомониро супорида, боқимонда маблағҳоро азонихуд карда ба манфиати шахсиаш сарф намудааст, ки ба марди 37-солаи сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки намояндаи ширкати мазкур мебошад, зарари ҷиддӣ расонидааст.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 55-солаи сокини шаҳри Панҷакент бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, дар вазифаи роҳбари Коорперативӣ тиҷоратии «Қумсой»-и шаҳри Панҷакент кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш аз соли 2020 то моҳи феврали соли 2024 аз саҳмдорони Коорперативӣ тиҷоратии мазкур ва дигарон маблағҳои андози иҷтимоӣ ва андози ягонаро дар маҷмуъ 65 ҳазору 875 сомонӣ ҷамъоварӣ намуда, маблағи мазкурро азонихуд намуда, ба эҳтиёҷоти худ сарф карда, ба манфиати давлат зарари моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.