Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 28-солаи сокини шаҳри Панҷакент ворид гардидааст, ки шаби 30-юми январи соли 2025 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди ҷойи кораш, бинои сохтмони нотамоми ҶСП “Промстрой”, воқеъ дар кӯчаи М.Турсунзода шуда, аз онҷо масолеҳи сохтмониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 9 ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормакндони милитсия марди 39-солаи сокини ноҳияи Варзоб бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.  
Гумонбаршаванда, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо ҳамроҳии рафиқаш марди 29-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, шаби 28-уми январи соли 2025, тахминан соати 23:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии зани 43-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, аз онҷо 32 ҳазор сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

03.02.2025 9:10
21