Боздошт гардидани марди 32-сола бо гумони қасдан несту нобуд кардани молу мулк
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормакндони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 8-уми январи соли 2025, тахминан соати 03:00, дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд аз сабаби нисбати марди 42-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров хусумат доштанаш, автомашинаи шахсии ӯро тамғаи «Коделак», ки арзишаш 1 миллиону 782 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, қасдан оташ задааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.