Ошкор шудани ҳолатҳои истисмори меҳнатӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 63-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони савдои одамон дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, аз моҳи декабри соли 2024 бо маслиҳати пешакӣ бо марди 38-солаи сокини ноҳияи Қубодиён ва шаҳрванди Ҷумҳурии Арманистон Бабаян Колия ном шахс бо мақсади ба даст овардани маблағи пулӣ бо роҳи фиреб ба боварии мардони 40, 38, 34 ва 54-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Данғара даромада, ба баҳонаи ба кор таъмин намудан дар Ҷумҳурии Арманистон онҳоро ба давлати мазкур интиқол дода, мавриди истисмори меҳнатӣ қарор дода, ба асорати қарзӣ гирифтор намуда, шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои онҳоро аз дасташон бо роҳи фиреб ва маҷбуран гирифта, гаштугузори онҳоро маҳдуд кардаанд.
Инчунин, гумонбаршаванда аз моҳи ноябри соли 2024 бо маслиҳати пешакӣ бо марди 38-солаи сокини ноҳияи Қубодиён ва шаҳрванди Ҷумҳурии Арманистон Бабаян Колия ном шахс бо мақсади бадаст овардани маблағи пулӣ бо роҳи фиреб ба боварии мардони 32, 31, 38, 35 ва ҷавони 22-солаи сокинони ноҳияҳои Данғараву Шаҳритус ва шаҳри Ваҳдат даромада, бо баҳонаи ба кор таъмин намудан дар Ҷумҳурии Арманистон онҳоро ба давлати мазкур интиқол дода, мавриди истисмори меҳнатӣ қарор дода, ба асорати қарзӣ гирифтор намуда, шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои онҳоро аз дасташон бо роҳи фиреб ва маҷбуран гирифта, гаштугузори онҳоро маҳдуд кардаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон ва шаҳрванди Ҷумҳурии Арманистон Бабаян Колия ном шахс парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 иловаи 1 моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.