Захмӣ гардидани ду нафар дар натиҷаи ҷангу ҷанҷол
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, бо ҳамроҳии ҳамаслаконаш ҷавонони 19, 21 ва марди 26-солаи сокинони шаҳри Душанбеву ноҳияи Файзобод, ки якеашон пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, 30-юми январи соли 2025, тахминан соати 15:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Ҳаёти Нави шаҳри Душанбе қарор доштанашон аз ҳиссиёти авбошӣ бо ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе, пеш бо моддаҳои 237 ва 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва марди 29-солаи сокини пойтахт, пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҷангу ҷанҷол намуда, ҳамдигарро зери лату кӯб қарор додаанд.
Сипас гумонбаршавандагон бо корд ва олоти халандаю буррандаи дар дасташон буда як маротиба ба пойи чапи ҷавони 23-сола ва бо табар дар қисмати пушти марди 29-сола зарба задаанд.
Дар натиҷа ҷабрдидагон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Барои муайян ва дастгир кардани дигар гумонбаршавандагон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.