Боздошт гардидани ду нафар бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ
Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 40 ва 32-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон моҳҳои октиябр-ноябри соли 2024 ҳангоми дар кӯчаи Сурхоби ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе қарор доштанашон бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ҷабрдида 832 тонна маҳсулоти сохтмонии сементро ба маблағи 640 ҳазору 916 сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта ваъда додаанд, ки маблағи мазкурро дар муддати кӯтоҳ бармегардонанд, аммо гумонбаршавандагон то ҳол маблағро пардохт накардаанд.
Дар натиҷа, ба ҷабрдида зарари махсусан калони моддӣ расонидаанд.
Оид ба инҳодиса тафтишот идома дорад.