Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ду ҳолати азонихудкунӣ ё исрофкорӣ 

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 31-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки марди 26-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо интернет дар мағозаи “Вайлдбериз” кору фаолият мекард, ӯро ба фаъолияташ ҷалб намуда, ба кортҳои бонкӣ, ки дар он маблағ ворид мешавад, аз бонки “Эсхата” 135 ҳазор сомониро ба номи ӯ гирифта, азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, аз 1-уми майи соли 2014 то 10-уми июли соли 2024, ба ҳайси боррасон дар ҶДММ «Таджеро Суғд»-и шаҳри Бӯстон кор ва фаъолият намуда, аз анбори ҷамъияти мазкур маҳсулотҳои брендӣ аз ҷумла равғани растанӣ, ғизои кӯдакона, хокаи ҷомашӯӣ, қаҳва, маҳсулотҳои шоколадӣ ва ғайраҳоро ройгон тибқи борхатҳо ба масъулияти худ қабул карда, онҳоро ба нуқтаҳои савдои минтақаи хизматиаш расонидааст. 
Гумонбаршаванда, аз ваколатҳои худ истифода бурда 68 ҳазору 439 сомониву 23-дирам маблағҳои молҳои ба нуқтаҳои савдо таҳвилшударо ҷамъоварӣ намуда, ба хазинаи ҷамъият насупорида, азонихуд намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст. Гумонбаршаванда, 52 ҳазору 99 сомониашро барқарор намуда, 16 ҳазору 340-сомонӣ ба ҶДММ «Таджеро Суғд» зарари моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

31.01.2025 9:17
20