Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошт гардидани ноболиғи ғоратгар

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 27-уми январи соли 2025, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар кӯчаи Борбади шаҳри Бохтар бо роҳи зӯроварӣ ва ошкорро аз ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-10”, ки арзишаш 500 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

31.01.2025 9:14
28