11 нафар ронанда барои таваққуфи нодуруст ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
Масъулини ШБДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд зимни доир намудани чорабиниҳои назоратию санҷишӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ва шоҳроҳи «Ғафуров-Хуҷанд»11 нафар ронандаро барои таваққуфи нодуруст ва гузоштани воситаи нақлиёт дар қатори дуюми самти ҳаракат дар асоси талаботи моддаи 346 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб намуданд. Аз ҷумла;
- ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Таёта Авенсус», рақами қайди давлатиаш 07-88 АА/20 Шарипов Зубайдулло;
- ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Хундай Соната», рақами қайди давлатиаш 00-55 РV/01, Мамаҷонова Саидахон Султоновна;
- ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мазда-3», рақами қайди давлатиаш 00-83 ЕВ/02, Неъматзода Наим;
- ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «BYD SONG PLUS », рақами қайди давлатиаш 02-00 VН/02, Болтуев Диловар Анварович;
- ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «BYD В-2», рақами қайди давлатиаш 15-99 ТК/02, Отаев Шарифҷон;
- ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Таёта Камри», рақами қайди давлатиаш 70-77 ZQ/02, Ақилҷонов Муҳаммадҷон Аҳмадҷонович;
- ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Таёта Ярис», рақами қайди давлатиаш 07-43 МН/02, Дадабоев Ҳокимҷон Ҳотамҷонович;
- ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Хундай Сонтафе», рақами қайди давлатиаш 44-45 JU/02, Баротов Фарҳодҷон Наимович дар минтақаҳои гуногуни хиёбони Исмоилии Сомонии шаҳри Хуҷанд нақлиёти худро дар қатори дуюм таваққуф кардаанд.
Анҷом додани чунин қоидавайронкунӣ аз ҷониби ронандагон аз он ҷиҳат қобили қабул нест, ки дар ин кӯчаи асосӣ ва марказии шаҳри Хуҷанд шиддати ҳаракати воситаи нақлиёт баланд буда таваққуфи нодуруст боиси бавуҷуд омадани тамбашавӣ мегардад. Ҳолати мазкур воқеан барои дигар иштирокчиёни ҳаракат монеъа эҷод намуда нороҳати пеш меорад.
Дар асоси далелҳои ошкоргардида нисбати ронандагон маводи маъмурӣ бо дастрасии талаботи моддаи 346 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Ба ҳамин монанд;
- ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Таёта-Камри», рақами қайди давлатиаш 86-88 СQ/02 Негматов Алишер Мирзокаримович;
- ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «BYD SONG», рақами қайди давлатиаш 02-02 WU/20, Усмонов Амирҷон Аюбҷонович;
- ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «БМВ» рақами қайди давлатиаш 40-00 NC/02, Қобилова Назира Маҳкамҷоновна воситаи нақлиёти худро дар назди Сомонбозори шоҳроҳи «Хуҷанд-Ғафуров» дар қатори дуюм гузошта ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт монеъаи тамбашавӣ ба вуҷуд овардаанд. Номбурдагон низ дар асоси талаботи моддаи 346 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шуданд.
Ёдрас менамоем, ки яке аз ҳолатҳои ба вуҷуд оварандаи мушкилоти тамбашавӣ ин таваққуф дар қатори дуюму сеюми самти ҳаракат мебошад. Ҳарчанд масъулини БДА дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ин самт корбари намоянд ҳам мутасифона ҳануз чунин камбудӣ ҷой дорад. Ронандагонро зарур аст дар ин самт бетарафӣ зоҳир накарда талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ҳатман риоя намоянд.
Амали боинтизомонаи иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ имконият медиҳад, ки дар ҷодаҳои нақлиётгард тартибу низом ҷорӣ ва бехатарии шаҳрвандон таъмин бошад.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.