Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти ронандагон дар ҳолати мастӣ

Дар ҷараёни чорабиниҳои назоратӣ кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар ҳудуди маҳаллаи 33 шаҳри Хуҷанд ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «ДЭУ Сиело», рақами қайди давлатиаш 75-98 WD/02, Ҳошимов Нозимҷон Каримович соли таваллудаш 1979 истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷандро  боздошт намуданд, ки нақлиётро дар ҳолати мастӣ идора мекард. Нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ҷазо дар намуди 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ва 5 сол маҳрум шудан аз ҳуқуқи ронандагӣ таъин гардид.
Ҳамчунин давоми ҳафтаи гузашта масъулини шуъбачаи БДА ШВКД-1 дар шаҳри Исфара дар ҳудуди маъмурии хизматӣ се далели дар ҳолати сархуши идора намудани воситаи нақлиёт аз ҷониби ронандагонро ошкор карданд.
Муайян карда шуд, ки ронандаи  воситаи нақлиёти тамғаи «Хундай Портер» рақами қайди давлатиаш 37 78 МЕ/02, Салойидинов Амрилло Ҷӯраевич соли таваллудащ 1974 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идораи менамуд. Нисбати ронанда бо дастрасии талаботи моддаи 332 Кодекси ҳуқуквайронкунии маъмурӣ протоколи ҳуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда бо қарори суд ронанда 5 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум ва 15 шабонарӯз ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ гирифт.
Ба ҳамин монанд ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Астра» рақами қайди давлатиаш  13 14 OY /02  Қаҳҳоров Меҳроҷиддин Самадович соли таваллудаш 1994 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Зумради шаҳри Исфара, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес - Бенс» рақами қайди давлатиаш 0452 ВВ /02 Шаропов Фирдавс Мирмухсинович соли таваллудаш 1998 ҳангоми идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ боздошт карда шуданд.
Муоинаи тиббӣ тасдиқ намуд, ки ронандагон дар ҳолати сархушӣ аз таъсири нушокиҳои спиртӣ қарор доранд. Маҳрум шудан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 5 сол ва 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҷазое мебошад, ки дар асоси талаботи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо қарори суди шаҳри Исфара нисбати  ҳарду ронандаи қоидаситез таъин карда шуд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

31.01.2025 11:17
67