Ҳалокати пиёдагард зери чархи автомашинаи “Хово”
28-уми январи соли 2025, тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Хово”, Тағоев Мусулмон Абдуқаҳорович, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Кӯшониён ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Мирзоқодиров ба кӯчаи С.Айнии шаҳри Бохтар, воқеъ дар ҳудуди кӯчаи С.Айнӣ дар назди бинои Прокуратураи шаҳри Бохтар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди шахсияташ номаълум ҷинсаш мардро, ки роҳро аз тарафи рост ба тарафи чап убур мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.