Даст ба қаллобӣ задани марди 39-сола
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, бо ҳамроҳии рафиқонаш (Фарҳод ва Аслан ном шахсон, ки бо тафтишот ноъмалуманд) дар давоми солҳои 2023-2024, бо роҳи фиреб ба боварии марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, ба тиҷорати овардани сӯзишвории бензинро аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст.
Баъдан ҷабрдида як адад автомашинаи тамғаи «Тайота Кемри 6», ки арзишаш 28 ҳазор доллари амрикоӣ ва як адад автомашинаи тамғаи “БМВ Х-7”, ки арзишаш 150 ҳазор доллари амрикоиро ба Фарҳод ба расмият дароварда дода, ва як адад манзили истиқоматӣ аз Федератсияи Россия ба гумонбаршаванда ба расмият дароварда бо роҳи фиреб ба манфиати худ сарф намуда, ба ҷабрдида ягонхел сӯзишворӣ наовардааст.
Ба ҷабрдида ба маблағи 499 ҳазор доллари амрикоиӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидаанд.
Инчунин, гумонбаршаванда тахминан моҳи ноябри соли 2023, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат ба ҶДММ «Илҳом» намояндааш марди 51-солаи сокини шаҳри Ваҳдат рафта бо мақсади фоидаи муфт ба даст овардан бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ, ки ба ивази автомошина ба ҷабрдида аз ҳудуди Федератсияи Россия рангҳо барои ранг кардани биноҳои истиқоматӣ дастрас карда медиҳад, бо ҳамин роҳу восита гумонбаршаванда ба боварии ҷабрдида даромада аз ӯ се адад автомашинаҳои тамғаи «КИА Оптима», «Хундай Туқсон» ва «Лексус РХ», ки арзиши умумиашон 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифтааст.
Гумонбаршаванда, ба ҷабрдида ваъда намудааст, ки ба ҳамин миқдор маблағи пулӣ аз ҳудуди Федератсияи Россия рангҳо барои биноҳои истиқоматӣ равон мекунад. Гумонбаршаванда чунин мақсад надошта бо мақсади фоидаи муфт ба даст овардан автомашинаҳои мазкурро тасарруф намуда ба дигар шахсон аз нархи қабул кардааш арзонтар фурӯхта маблағи бо роҳи ҷиноят ба дастовардаашро ба манфити шахсияш сарф намудааст.
Дар натиҷа гумонбаршаванда бо ин кирдори худ ба ҷабрдида 500 ҳазор сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо банди “б” қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.