Ошкор гардидани ду ҳолати азонихудкуни ё исрофкорӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино мактуби ҶДММ “Таджфуд” ворид гардидааст, ки зани 43-солаи сокини шаҳри Душанбе, аз 4-уми марти соли 2022 то 8-уми июли соли 2024, дар ҶДММ “Таджфуд” ба вазифаи намоянда кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш 93 ҳазору 572-сомониро азонихуд карда ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 58-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, аз 11-уми сентябри соли 1992, ба ҳайси табиби табиби оилавӣ дар Маркази саломатии шаҳрии №4 шаҳри Хуҷанд дар як вақт ҳамчун табиби оилавии дар МСШ №4 шаҳри Хуҷанд ва аз санаи 1-уми сентябри соли 2016, дар ҶСП «Рушди роҳнавард» дар вилояти Суғд (ҶДММ Маркази муоинаи тиббии ронандагони Суғд) ба ҳайси духтури бемориҳои дарунӣ ба кор қабул гардида, то инҷониб фаъолият карда истода, тибқи табелҳои баҳисобгирии вақти кории кормандони Марказии саломатии шахрии №4 шаҳри Хучанд ва Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи «Рушди роҳнавард» муайян гардид, ки дар як вақт дар ду ҷо ба гумонбаршаванда соати кори гузошта, музди меҳнат пардохт карда шудааст.
Мувофиқи маълумотномаи Маркази саломатии шаҳрии №4 шаҳри Хуҷанд аз санаи 1-уми сентябри соли 2016 то моҳи октябри соли 2024, гумонбаршаванда ба маблағи 126 ҳазору 666 сомониву 19-дирам музди меҳнат гирифтааст. Мувофики хулосаи экспертизаи комплексии судии муҳосибӣ гумонбаршаванда аз 1-уми сентябри соли 2016 то моҳи октябри соли 2024, маблағи пули 54 ҳазору 262 сомониву 34-дирам музди маош гирифтааст.
Нисбати гумонбаршваанда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.