Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо корд захмӣ гардидани ноболиғи 17-сола

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 6-уми декабри соли 2024, тахминан соати 19:20-дақиқа, дар даромадгоҳи боғи фарҳангию фароғатии  А.Хуҷандӣ, воқеъ дар маҳаллаи 32-юми шаҳри Хуҷанд бо ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Хуҷанд муноқиша намуда, нисбаташ суханҳои қабеҳ гуфта, бо  корд ба шиками ҷабрдида якчанд маротиба зарба зада ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, дар ин вақт ба ҷанҷол ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳамроҳ шуда, ҷабрдидаро лату кӯб намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

30.01.2025 10:50
11