Боздошт гардидани ноболиғи 17-сола бо ҷурми ғоратгарӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар аризаи зани 26-солаи сокини ноҳияи Фархор ворид гардидааст, ки шаби 27-уми январи соли 2025, тахминан соати 22:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Д.Халқҳои шаҳри Бохтар қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи ошкоро як адад телефони мобилиаш тамғаи “Самсунг А-53”-ро тассаруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 500 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.