Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҷавони 22-сола
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 15-уми январи соли 2025, тахминан соати 21:00 дар ҳолати мастӣ дар деҳаи Суркати ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри Истаравшан қарор дошта, бинобар сабаби ба миён омадани нофаҳмиҳо бо марди 37-солаи сокини шаҳри мазкур ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ таҳдиди куштан намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.