Ҳалокати якчанд мусофир дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ
27-уми январи соли 2025, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Зарифов Шероз Субҳуддинович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Б.Ғафуров аз ӯҳдаи идораи воситаи наклиёташ набаромада, ба канори чапи роҳ баромада, чапа шудааст.
Дар натиҷа мусофирони воситаи нақлиётии мазкур Иброҳимов Меҳровар Муҳаммадвалиевич, соли таваллудаш 2001 ва Ёров Рӯзибой Фатҳуллоевич, соли таваллудаш 1970, сокинони ноҳияи Мастчоҳ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, худи ронанда Зарифов Ш.С, мусофиронаш Ёров Фатҳулло Рӯзибоевич, соли таваллудаш 1998 ва ноболиғ Иброҳимов Абдуҳошим Муҳаммадвалиевич, соли таваллудаш 2011, сокини ноҳияи Мастчоҳ ҷароҳати гуногуни ҷисмони бардошта, дар беморхона бистари карда шудаанд.
28-уми январи соли 2025, тахминан соати 06:00 ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Мерседес-Веро”, Соимов Абдулло Аҳмадбекович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Лахш ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба сати шаҳри Бохтар дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба қисми қафои автомашинаи боркаши тамғаи “Камаз-5915”, таҳти идораи Ҷомирзоев Ҷаҳонгир Холбоевич, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Данғара, ки дар роҳи худ ҳаракат мекард, бархурдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи боркаши тамғаи “Мерседес-Веро”, Илёсов Суҳробшо Фаёзович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Лахш ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмони бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан ба ҳалокат мерасад.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.