Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани кирдори қаллобии марди 42-сола

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 42-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров санаи 25-уми январи соли 2025, бо роҳи фиреб ба боварии марди 42-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, 1- адад автомашинаи тамғаи «Мерседе Бенс-211»-ро ба маблағи 6 ҳазору 800-доллари амрикои харидорӣ намуда, аз ин маблағҳо 800-доллари амрикоиро пардохт намуда, аз додани боқимонда маблағҳои пулӣ саркашӣ намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи  247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

29.01.2025 9:56
27