Боздошт гардидани ду нафар бо гумони дуздии қисмҳои эҳтиётии автомашина
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-сола ва ноболиғи 16-солаи сокинони шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон моҳи декабри соли 2024, тахминан соати 22:00 бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс-Актрос», ки ба марди 37-солаи сокини шаҳри Истаравшан тааллуқ дошта, дар деҳаи Яккабоғи ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри мазкур дар канори роҳ беназорат меистод, қисмҳои эҳтиётиашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 9 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.