Даст ба ҷинояти ғоратгарӣ задани ҷавони 21-сола
Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 45-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 10-уми январи соли 2025, духтари ноболиғи 17-солааш ҳангоми дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Б.Бурунов қарор доштанаш шахси номаълум бо роҳи ошкоро як адад гарданбанди тиллоиашро аз гарданаш кашида гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри мазкур бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.