Захмӣ намудани ҳамсар дар замини муноқиша
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 21-уми январи соли 2025, тахминан соати 16:00, дар дохили автомашина қарор дошта, бо ҳамсараш зани 30-солаи сокини ҳамон ҷо баҳсу муноқиша намуда, бо мақсади расонидани зарар ба саломатиаш, як адад корди хоҷагиро гирифта, ба пойи ҳамсараш зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Номбурда бо ин қаноат накарда, ҳамсарашро таҳдиди куштан кардааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.