Рӯҳбаландии хонандагон аз гирифтани шиноснома дар вазъияти тантанавӣ
Имрӯзҳо масъулини ХШБ ШВКД дар ноҳияи Спитамен таваҷчуҳи асосиро ҷиҳати саривақт ва дар муҳлатҳои муқаррнамудаи қонунгузорӣ таъмин намудани наврасони ба синни 16 солаги расида равона намуда дар баробари бурдани корҳои таблиғотӣ чорабиниҳои ботантанаи шиносномасупорӣ дар мактабҳо мегузаронанд. Дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия дар ин самт нақшаи якҷояи корӣ тартиб дода шудааст. Қабули гурӯҳии хонандагони ба синни шиносномагири расида раванди соҳиб шиноснома шудани наврасонро боз ҳам соддаву дастрас кардааст.
Чорабинии тананавии навбатиро масъулини ХШБ ШВКД дар ноҳияи Спитамен бо роҳбарии сардори Хадамот Диловар Холзода дар Литсейи иноватсионии ба номи Б.Ғафурови ноҳия баргузор намуда, фазои хотирмонро ба хонандагон ташкил ва ботантана ба 16 нафар хонандаи синфҳои болоӣ шиноснома супориданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ вобаста ба қонунгузорӣ дар самти низоми шиносномадорӣ ба хонандагон маълумот дода дар баробари интихоби тарзи ҳаёти солим эҳтиёткорона истифодабарии шиносномаро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ намояндагони хадамот таъкид доштанд.
Қобили қайд аст, ки гузаронидани чорабиниҳои ботантанаи шиносномасупорӣ дар мактабҳо ҳавасмандии наврасонро барои гирифтани шиноснома бештар менамояд.
Ҳафтаи гузашта ҳмингуна раванди коргузориро кормандони Хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои Шаҳристон, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ дар муассисаҳои таълимии минтақаи хизматӣ доир намуда дар вазъияти тантанавӣ шиносномаҳои омодагардидаро ба хонандагон супориданд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.