Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносномасупорӣ ба хонандагони МТМУ №29 ноҳияи Мастчоҳ

Масъулини ХШБ шуъбаи ВКД дар ноҳияи Мастчоҳ марҳила ба марҳила анъанаи хизматӣ дар самти ташкили чорабиниҳои ботантанаи шиносномасупорӣ ба хонандагонро дар ҳамаи мактабҳои ноҳия ба роҳ монда истодааст.
Чорабинии навбатӣ дар Хонаи фарҳанги ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳия бо иштироки хонандагони МТМУ №29 баргузор гашт. Дар вазъияти тантанавӣ 15 нафар хонанда бори аввал шиносномаи худро дар фазои идона ба даст гирифтанд. Сардори хадамоти мазкур дар ноҳияи Мастчоҳ подполковники милитсия Абдуманнонзода Рустам Абдуманнон қоидаҳои низоми шиносномадориро ба хонандагон фаҳмонида, бори аввал гирифтани шиноснома ва расидан ба давраи камолотро  табрику таҳният гуфт.
Дар ин  чорабинӣ шоир Олимхон Исматӣ низ иштирок дошт, ки дар баробари кормандони хадамоти шиносномадиҳӣ наврасонро ба риояи қонуну тартибот ва ҳифзи ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсияту шаҳрвандӣ дар муносибатхои чамъиятӣ даъват намуд. 
Дар ҷараёни чорабинӣ эҳсос мешуд, ки бори  аввал гирифтани шиноснома ва он ҳам дар вазъияти тантанавӣ барои хонандагон писанд омадааст. Барои ҳамкорӣ чиҳати сафарбарии гуруҳии хонандагон бахри гирифтани шиноснома омӯзгорони масъули МТМУ №29 ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ бо Сипоснома қадршиносӣ карда шуданд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

27.01.2025 17:18
36