Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар
25-уми январи соли 2025, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ягуар XF”, таҳти идораи ронанда Юсупов Иброҳим Мадисоевич, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи автомашинааш набаромада, бо самти муқобили ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенз-Астрос”, ки таҳти идораи ронанда Ҷурабоев Алишер Султоналиевич, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Душанбе аз тарафи шаҳри Душанбе ба тарафи вилояти Суғд ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Ягуар ХF”, Юсупов И.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
25-уми январи соли 2025, тахминан соати 02:30-дақиқа, автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан”, таҳти идораи Сафарзода Идибеки Абдуло, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Ваҳдат ҳангоми харакат аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Ваҳдат воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Б.Бурунови шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷуйбори канори роҳ бархӯрда, тахминан 150 метр аз роҳ баромадааст.
Дар натиҷа, ронанда Сафарзода И.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири автомашинаи мазкур ноболиғ Нуридинов Амруло Амонулоевич, соли таваллудаш 2010, сокини шаҳри Ваҳдат ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
25-уми январи соли 2025, тахминан соати 21:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Камолов Мустафо Абдурасулович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард Абдуллоев Нормаҳмад Нормуродович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Шаҳринавро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Абдуллоев Н.Н. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад