Ошкор гардидани якчанд ҳолати мардумфиребӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 33-солаи сокини ноҳияи Нуробод муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2024, марди 32-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”, ки арзишаш 320 ҳазор сомонӣ, 1-адад автомашинаи тамғаи “Ренҷровер” арзишаш 375 ҳазор сомонӣ, 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес ҶЛС” арзишаш 479 ҳазору 470 сомониро ташкил медиҳад, ба иҷора гирифта, автомашинаи тамғаи “Ренҷровер”-ро ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ ба гарав гузошта, қарз гирифта, автомашинаҳои “Мерседес-350” ва “Мерседес ҶЛС”-ро аз қайд бароварда, ба фурӯш гузошта, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Дар натиҷа ба ҷабрдида 1 миллиону 324 ҳазору 470 сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки соли 2014 марди 67-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 85 ҳазор доллари амрикоиро бо мақсади қарз гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ бармегардонад, аммо аз ин 6 ҳазору 900-доллари амрикоиро дода, боқимонда 78 ҳазор доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамзамон, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 38-солаи сокини шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2024, дар назди МТМУ №60-и шаҳри Душанбе марди 31-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 120 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бо воситаи шиносҳояш бародарашро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод менамояд, аммо ваъдаашро иҷро накарда, то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 44-солаи сокини ноҳияи Данғара бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, дар вазифаи раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Ёвон кор карда, дар давоми фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сӯистифода аз мансабаш бо маслиҳати пешакӣ бо шарикаш марди 55-солаи сокини ҳамин ноҳия ба боварии марди 64-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, бо ваъдаи додани ду қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҷабрдида 80 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифта, маблағи мазкурро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷининоятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.