Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо гардидани ҷинояти ғоратгарӣ

Дар натиҷаи гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ бо парвандаи ҷиноятӣ аз 23-юми сентябри соли 2022, муайян карда шуд, ки ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ (айни ҳол дар маҳбас қарор дорад), бо маслиҳати пешакӣ бо ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Рудакӣ, Қадриддин ва Аъзам ном шахсон, 21-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 03:20-дақиқа, дар кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе дар канори роҳи пиёдагард, бо роҳи ошкоро бо ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Дарвоз, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт ҷангу ҷанҷол намуда, бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, аз дасташ 40-сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми 11”, ки арзишаш 2 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Барои дастгир кардани дигар гумонбаршавандагон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот давом дорад.

27.01.2025 9:33
17