Қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ дар заминаи муноқиша
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Спитамен, 12-уми январи соли 2025, тахминан соати 10:30-дақиқа, дар заминҳои саҳроии ҳудуди ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоеви ноҳияи мазкур бинобар ба миён омадани муносибати оштинопазирӣ бо марди 32-солаи сокини ҳамин ноҳия муноқиша намуда, бо мақсади расонидани зарари вазнин ба саломатиаш, якчанд маротиба бо мушт ба сару рӯи ҷабрдида зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.