Ҳалокати пиёдагарди ноболиғ бар асари ҳодисаи нохуш
24-уми январи соли 2025, тахминан соати 17:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Камрӣ”, Розиқов Зикирё Шарифбекович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Гулаев Обидин Собирҷонович, соли таваллудаш 2016, сокини ҳамон ҷоро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол Гулаев О.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.