Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошт гардидани марди 31-сола бо ҷурми тамаъҷӯӣ

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри Истаравшан 19-уми январи соли 2021, тахминан соати 10:00 дар ҳудуди шаҳри Истаравшан қарор дошта, дар бораи ба марҳум падараш доир ба баъзе корҳои ғайриқонунӣ расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби корманди ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан»-и шаҳри Истаравшан марди 52-солаи сокини шаҳри мазкур ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан»-и шаҳри Истаравшан иттилоот пайдо карда, бо ғараз барои ба даст овардани фоидаи муфт, бо роҳи тамаъҷӯӣ, таҳдиди қасдан расонидани зарари вазнин, ифшои маълумоти беобрӯкунанда ва алоқамандии охирин ба кирдорҳои ғайриқонунии марҳум падараш, аз ҷабрдида 114 ҳазору 400-сомониро таъмаҷӯӣ намуда гирифта, маблағи ба дастовардаро ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

25.01.2025 8:48
17