Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эъломи истиқлолияти давлатӣ

Волотарин дастоварди сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистони навин соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ мебошад. Дар давраи муқовиматҳои шадиди сиёсӣ Иҷлосияи дувуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 24 августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд.
Соҳибистиқлолие, ки дар ин санади таърихӣ эълон шуда буд, ҳанӯз «соҳибистиқлолӣ дар доираи салоҳияти Иттиҳоди Шӯравӣ» маҳсуб мешуд, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави худ ҳамаи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро, ба истиснои масъалаҳое, ки ихтиёран ба салоҳияти Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ дода мешуданд, мустақилона ҳал мекард.
Ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ барои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷумҳуриҳои иттифоқии он як давраи инкишофи ғайричашмдошти таърихӣ буд. Воқеан, падида ва ҳодисаҳои сиёсӣ ончунон босуръат тағйир меёфтанд, ки ҳатто баъзе роҳбарони мақоми аввали ин ҷумҳуриҳо аз дарки маънии ин раванд оҷиз мемонданд.
Ҳодисаҳои моҳи августи соли 1991 аз оғози рӯзҳои вопасини ин давлати абарқудрат дарак медод. Акнун ҷумҳуриҳо мӯҳтавои истиқлолияти сиёсиро дар ин марҳала дарк намуда, барои ба даст овардани истиқлолияти комил саъй ва талош менамуданд. Чун ин таҳаввулоти сиёсӣ ва раванди сиёсӣ Тоҷикистонро, низ бидуни истисно, метавонист фаро гирад, аз ин рӯ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи соли 1990 равшан эҳсос карда мешуд.
Ин вазъ дар изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) аз 9 сентябри соли 1991 қабул шуда буд, чунин баён гардидааст: «Тағйироти инқилобиро дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ ба назар гирифта, кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёри ба он дохилшавандаро оиди аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ эҳтиром намуда … мувофиқи Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, Шӯрои Олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад».
Изҳороти қабулшуда боис шуд, ки Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсуси худро «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуда, матни Изҳороти Шӯрои Олиро дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул донад.
Қабул шудани ин ду санади таърихӣ ба таври ҳатмӣ зарурати такмили Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо мекард. Бо дарки ин амри воқеӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарори алоҳида қабул намуд.
Дар ин рӯзи таърихӣ, яъне 9 сентябри соли 1991 тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд ва дар натиҷа воқеияти истиқлолияти Тоҷикистон ба сатҳи меъёри конститутсионӣ расонида шуд, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ ин меъёр хусусияти баргаштнопазир дорад.
Ҳамон тавре ки аз баррасиву таҳлили асноди хуқуқии расмӣ маълум мегардад, андешаи истиқлолхоҳӣ дар тӯли як сол дар ҳолати такомули бисёр ҷиддӣ қарор гирифта, ниҳоят то ба сатҳи эътирофи истиқлолияти воқеии ҷумҳурӣ расид ва омили муайянкунандаи пешрафти ҷомеаи озоду комилҳуқуқи имрӯзаи мо гардид. «Таърих гувоҳ аст, - менависад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - ки дар тӯли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст….
Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри XX ба шумор меравад, ки он нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ арзи ҳастӣ намуда, баъдан ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта сабзид, ба камол расид ва ташаккул ёфт.
Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.
Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».
Бист соли таърихи навини давлатдории мо давраи як пурфоҷиа ва сарнавиштсози будан ё набудани давлати Тоҷикистон, таъмини сулҳу субот, ризоият ва ваҳдати миллӣ, марҳалаи омодасозии заминаҳои гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми комилан нав, хулоса солҳои гузоштани таҳкурсии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, давлатдории навини тоҷикон ва мустаҳкам намудани пояҳои он буд.
Истиқлолияти давлатӣ барои мо – мардуми Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар оғози даврони истиқлолият бо таъсири бархе аз нерӯҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ кишвари мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва он боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, хисороти бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гардид, ки ин ҳама появу рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонида, дар кишвар беқонуниятӣ ва дигар бесомониҳоро ба вуҷуд овард.
Дар чунин шароити душвори сиёсӣ шаҳрвандони ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ ба воситаи вакилони худ дар мақоми олии намояндагии кишвар масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ифода сохта, ба он ноил гардиданд, ки ба хотири барқарорӣ ва пойдории асосҳои давлатдорӣ, таҳкими шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардад.
Дар он замон Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, миллат, Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, вазъи сиёсиву иқтисодии кишварро бо дурнамои рушди ояндаи он дар Иҷлосияи XVI муайян намуд.
Шӯрои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб кард. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат аз лаҳзаҳои нахустини фаъолият дар ин мақоми барои сарнавишти миллат ва давлат басо пурмасъулият барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ раҳо бахшидани кишварро ба миён гузошт.
Вақт ва таҷрибаи таърихии бист соли пас аз истиқлолият собит намуд, ки роҳи муайянкарда ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон алтернативаи дигар надоштааст. Таърихи давлатдории навини тоҷикон ин ҳақиқатро бори дигар ба хубӣ собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерӯи солиму тавоно буда, худи ин мардум қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад ва обрӯву нуфузи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҳифз намояд. 

29.04.2020 10:28
282