Боздошт гардидани ду нафар бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 34 ва 31-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршавандагон санаи 7-уми июли соли 2024, бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, 20 сотик қитъаи замини иншоотиро, ки ҳоло ҳуҷҷатгузори карда нашудааст ба маблағи 250 ҳазор доллари амрикои фурухта маблағашро ба эҳтиёҷи худашон сарф намудаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.