Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати зани 65-сола бо ҷурми авбошӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 65-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, санаи 14-уми январи соли 2025, тахминан соати 09:30-дақиқа, ба манзили истиқоматии духтараш ҷавонзани 23-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Бустони ноҳияи мазкур рафта бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд як маротиба дар қисмати китфаш задааст. 
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

24.01.2025 8:59
15